Кушта шудани 9 низомии Покистон дар ҳамлаи Ҳинд ба Вазиристон
(last modified Sat, 10 May 2025 03:54:31 GMT )
Май 10, 2025 08:54 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 9 низомии Покистон дар ҳамлаи Ҳинд ба Вазиристон

Порстудей - Артиши Покистон ҷумъашаб эълом кард, ки ҳамлаи унсурҳои террористӣ ба неруҳои амниятӣ дар Вазиристони ҷанубӣ мунҷар ба кушта шудани 9 низомии покистонӣ шудааст .

Гуруҳе аз террористҳо дар наздикии Шикои воқеъ дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ, дар шимолу ғарби Покистон посгоҳи неруҳои амниятиро ҳадафи ҳамла қарор доданд . Сухангӯи артиши Покистон бо таъйиди ин хабар афзуд, ки аз замони ташдиди танишҳо бо Ҳинд дар марзҳои шарқӣ ҳамалоти террористӣ дар марзҳои ғарбӣ бо Афғонистон низ шиддат ёфта ва ин унсурҳо аз сӯи неруҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҳинд пуштибонӣ мешаванд . Гуруҳи террористии Таҳрики Толибони Покистон мавсӯм ба “ фитнаи хавориҷ “ масъӯляти бисёре аз ҳамалотро бар уҳда мегирад .

 /хабаргузории Садо ва Симо