Фаронса: Иқдомоти Натанёҳу дар Ғазза шармовар аст
Май 14, 2025 11:52 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Фаронса аз иқдомоти нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Ғазза интиқод кард ва онро шармовар хонд.
Бо он ки Фаронса аз ҷумлаи ҳомиёни аслии режими саҳюнистӣ дар наслкушии фаластиниён дар борикаи Ғазза ба шумор меравад, бо ин ҳол Порис талош дорад ваҷҳаи худро дар ин мунозиъа ҳифз кунад.
Бар ин асос, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дар як мусоҳибаи телевизионӣ бо шабакаи ТФ-1 сиёсати Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар қиболи Ғаззаро шармовар тавсиф карду хостори афзоиши таҳримҳо алайҳи ин режим аз сӯи кишварҳои аврупоӣ шуд. /Меҳр
Барчасп