Шветсия: Тарҳи Исроил барои контрол бар Ғазза ноқизи қонунҳои байналмилалӣ аст
Май 20, 2025 13:30 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Шветсия тарҳи режими саҳюнистӣ барои контрол бар борикаи Ғаззаро маҳкум кард ва онро ноқизи қонунҳои байналмилалӣ донист.
Мария Малмер Стенергард, ки кишвараш аз соли 2014 кишвари Фаластинро ба расмият шинохтааст, рӯзи душанбе гуфт: Ин иқдоми Исроил ба маънои замима кардани борикаи Ғазза ва муғойири қонунҳои байналмилалӣ аст ва Шветсия қотеона бар сари ин бовари худ, ки қаламрави Ғазза набояд тағйир ё коҳиш ёбад, меистад.
Вазири хориҷаи Шветсия ҳамчунин бар лузуми азсаргирии ирсоли кумакҳо ба Ғазза таъкид карду афзуд: Мо дар гуфттугӯҳои худ борҳо аз Исроил хостаем, ки иҷозаи дастрасӣ ва тавзеи кумакҳо бар асоси усули инсониро фароҳам кунад. /Ирна
Барчасп