Мушакҳои эронӣ гунбади иртиботи амни Амрико дар Қатарро нобуд карданд
-
Мушакҳои эронӣ гунбади иртиботи амни Амрико дар Қатарро нобуд карданд
Порс тудей- Тасовири моҳвораи мунташиршуда ҳикоят аз мувафақиятомез будани ҳамлаи мушакии Эрон зидди пойгоҳи Ал-Удайдаи Амрико дар Қатар аст.
Тасовири моҳвораи, ки рузи ҷумъа мунташир шуд ҳикоят аз он аст, ки ҳамлаи мушакии зидди пойгоҳ Ал-Удайдаи Амрико дар Қатар гунбади ҳови таҷҳизоти иртиботи амни амрикоиҳоро ҳадаф қарор дода аст. Ин тасовири моҳвораи чанд соат пеш аз оғози ҳамлаи мушакии Эронро нишон медиҳад, ки дар он гунбади мазкур дар пойгоҳи Ал-Удайда дида мешавад, аммо тасовири 2 рузи баъд аз ин ҳамла баёнгари он аст, ки гунбади иртиботии неруҳои амрикоӣ дигар қобили руят нест ва ба сохтмонҳои наздики он низ осеб ворид шуда аст. Пас аз интишори ин тасовир сухангуи пентагон изъон кард, ки як мушаки болостики Эрон ба гунбади мазкур исобат карда аст.