Тазоҳуроти густарда дар Шветсия алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121082
Порстудей - Манобеъи хабарӣ гузориш доданд, ки тарафдорони фаластинӣ дар Стокголм, пойтахти Шветсия ба нишони эътироз аз бомбгузории пайвастаи мактабҳо ва бемористонҳо дар навори Ғазза аз сӯи артиши саҳюнистӣ тазоҳурот карданд. Садҳо нафар эътирозгарон рӯзи шанбе дар майдони Оденплани Стокголм ҷамъ омада, сипас ба сӯи бинои парлумони Шветсия раҳпаймоӣ карданд.
(last modified 2025-07-20T08:52:27+00:00 )
Июл 20, 2025 13:43 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густарда дар Шветсия алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Порстудей - Манобеъи хабарӣ гузориш доданд, ки тарафдорони фаластинӣ дар Стокголм, пойтахти Шветсия ба нишони эътироз аз бомбгузории пайвастаи мактабҳо ва бемористонҳо дар навори Ғазза аз сӯи артиши саҳюнистӣ тазоҳурот карданд. Садҳо нафар эътирозгарон рӯзи шанбе дар майдони Оденплани Стокголм ҷамъ омада, сипас ба сӯи бинои парлумони Шветсия раҳпаймоӣ карданд.

Ширкаткунандагон парчамҳои Фаластинро баланд бардошта, шиорҳоеро, ки бо унвони "Исроил кӯдакони Ғаззаро мекушанд" ва "Наслкушӣ алайҳи мардуми Фаластин бас карда шавад" бо худ  бурданд.

Ласси Эриксон, фаъоли швед дар гирдиҳамоии эътирозӣ бо ишора ба наслкушии бесобиқаи режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён гуфт: Бар асоси як назарсанҷии ахири як ширкати маҳаллӣ 75 дарсади мардуми Шветсия бо иқдомоти Исроил дар Ғазза мухолифанд, аммо ҳеҷ ҳизбе дар порлумон ба ин ҷиноятҳои ҷиддӣ мухолиф нест. Ин фаъоли эътирзгар ҳамчунин хостори таҳрими режими саҳюнистӣ ва ихроҷи сафири он аз Стокголм шуд.