Таъкиди Эрон бар нобудии комили тамомии силоҳҳои ҳастаӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121388
Порс Тудей. Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев бар нобудии комили тамомии силоҳҳои ҳастаӣ таъкид кард.
(last modified 2025-08-07T00:40:45+00:00 )
Август 07, 2025 05:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар нобудии комили тамомии силоҳҳои ҳастаӣ

Порс Тудей. Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев бар нобудии комили тамомии силоҳҳои ҳастаӣ таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Тасним, намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳамзамон бо солрӯзи бомбаборони атомии Ҳирошима бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х эълом кард: Ҷилавгирӣ аз трагедиҳои оянда монанди бомбаборони атомии Хиросима ва Нагасаки, мусталзими тааҳҳуди воқеӣ ба халъи силоҳи ҳастаӣ ва эҷоди ҷаҳоне орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст.

Намояндагии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев таъкид кард: Эрон, ба унвони узве аз NPT, аз нобудии комили тамоми силоҳҳои ҳастаӣ ҳимоят мекунад; тааҳҳуди тазалзулнопазири худро ба ҷаҳоне орӣ аз онҳо муҷаддадан баён мекунад ва аз ҳаққи машрӯъи худ барои истифодаи сулҳомез аз илму энержии ҳастаӣ дифо мекунад.

Шашуми августи 1945, Амрико бомби атомӣ рӯи шаҳри 350 ҳазорнафарии Ҳирошима андохт ва 140 ҳазор нафарро қатли ом кард. Се рӯз баъд дуюмин бомби атомиро рӯи шаҳри Накасаки андохт.