Дидори муовинони вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Туркия дар Анқара
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121536
Порс Тудей – Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар Анқара бо Нуҳ Йилмаз, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия, дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-08-15T05:26:28+00:00 )
Август 15, 2025 10:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовинони вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Туркия дар Анқара

Порс Тудей – Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар Анқара бо Нуҳ Йилмаз, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия, дидор ва гуфтугӯ кард.

Саид Хатибзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Нӯҳ Йилмаз, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия, дар ин дидор, бо баррасии охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба ва масоили минтақавӣ ва ҷаҳони ислом, бар аҳамияти густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид карданд. Ду тараф ҳамчунин бо ишора ба буҳрони инсонӣ дар Ғазза ва идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ, бар зарурати кӯмак ва ҳимояти фаврӣ аз мардуми мазлуми Фаластин, бахусус дар Ғазза ва тақвияти талошҳои байналмилалӣ барои қатъи ҳамлаҳо ва бардошти муҳосираи ин минтақа таъкид карданд.

Хатибзода дар ин дидор аз мавқеи давлат ва миллати Туркия дар маҳкум кардани таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон изҳори қадрдонӣ кард. Нӯҳ Йилмаз низ бо ишора ба алоқамандии Анқара ба амиқсозии равобит бо Теҳрон, омодагии Туркияро барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ва ҳамкорӣ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин эълом кард.