Толибон: Созиш бар сари хоки Афғонистон ғайримумкин аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122040-Толибон_Созиш_бар_сари_хоки_Афғонистон_ғайримумкин_аст
Порс Тудей - Раиси Ситоди артиши Ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи якшанбе ва дар вокуниш ба тозатарин изҳороти раисиҷумҳури Амрико эълом кард, ки созиш бар сари хоки Афғонистон ғайримумкин аст.
(last modified 2025-09-21T15:21:24+00:00 )
Сентябр 21, 2025 20:16 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Созиш бар сари хоки Афғонистон ғайримумкин аст

Порс Тудей - Раиси Ситоди артиши Ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи якшанбе ва дар вокуниш ба тозатарин изҳороти раисиҷумҳури Амрико эълом кард, ки созиш бар сари хоки Афғонистон ғайримумкин аст.

Қорӣ Фасеҳиддин Фитрат дар нишасте дар ҷамъи неруҳои Артиши Афғонистон бо ишора ба изҳороти ахири Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар бораи пойгоҳи Багром, гуфт, ки дар ин авохир, сару садоҳое баланд шудааст, ки гуё ҳукумати Толибон дар ҳоли музокира ва гуфтугӯ бар сари пойгоҳи Багром дар Афғонистон аст. Раиси Ситоди артиши ҳукумати Толибони Афғонистон афзуд, ин ҳукумат ба мардуми афғон итминон медиҳад, ки дар баробари як ваҷаб хок аз ин сарзамин, созиш ва муомила намекунем ва чунин чизе имконпазир нест.  Фитрат бо баёни инки Афғонистон акнӯн ба ҳузури неруҳои хориҷӣ ниёзе надорад, гуфт: Касоне, ки хориҷиҳоро оварда буданд ва бо истифода аз зӯри онҳо ҳукумат мекарданд, ин афроди тарсу ва буздил буданд, вале мо аз ҳеҷ кишвари зӯргӯ ва қулдур наметарсем ва ин мавзӯро дар бист соли мубориза бо Амрико собит кардаем. Ато Муҳаммади Нур, раиси шохаи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон низ дар паёме аз тариқи шабакаи Х ва дар вокуниш ба изҳороти ахири Трамп навишт: Кишвари мо (Афғонистон) дар бегонаситезӣ ва истодагӣ дар баробари ишғолу ишғолгарон дар ҷаҳон шуҳра аст, аммо мутаассифона ин рӯзҳо бархе барои хокфурӯшӣ бар якдигар сабқат мегиранд.