Нақшаи Амрико барои пойгоҳи дарёии матрука дар наздикии Венесуэла
Ноябр 03, 2025 10:14 Asia/Dushanbe
-
Нақшаи Амрико барои пойгоҳи дарёии матрука дар наздикии Венесуэла
Порс-Тудей. Дар авҷи танишҳо бо Венесуэла, тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки Амрико дар ҳоли барӯзрасонии як пойгоҳи матрука дар Пуэрто-Рико аст.
Бар асоси гузориши “Ройтерс”, фаъолиятҳои сохтмонӣ дар пойгоҳи дарёии собиқи “Рузвелт роудс” дар Пуэрто-Рико, ки ба муддати беш аз 20 сол баста буд, аз 17 сентябр оғоз шудааст.
Тасовири моҳвораӣ нишон доданд, ки амалиёти поксозӣ ва бозсозии масирҳои мунтаҳӣ ба бонди фурудгоҳи ин пойгоҳ ҷараён дорад. Аз сӯи дигар, Амрико дар ҳоли густариши зерсохтҳои фурудгоҳи ғайринизомӣ дар Пуэрто-Рико ва дар ҷазираи Sainte-Croix аст, ки аз ҷазоири Вирҷини ин кишвар ба шумор меравад. Ин манотиқ ҳудуди 800 километр бо Венесуэла фосила доранд. /ИРНА
Барчасп