-
Вазири хориҷаи Эрон ба тамоми имзокунандагони Барҷом ҳушдор дод: Суистифода аз Иснапбак мунҷар ба ташдиди танишҳо хоҳад шуд
Май 12, 2025 06:49Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ба тамоми имзокунандагони Барҷом ҳушдор додем, ки ҳаргуна суистифода аз созукори бозгашти худкории таҳримҳо "Snapback" паёмадҳои ба дунбол хоҳад дошт натанҳо поёни нақшаи Аврупо дар ин тавофуқро рақам хоҳад зад, балки мумкин аст ба ташдиди танишҳои мунҷар шавад, ки бозгашти барои онҳо мутасавир нест.
-
Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Иморати Муттаҳидаи Араби ба манузри ройзани дар мавриди равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ
Май 12, 2025 06:36Порс тудей- Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз душанбе ба Иморат сафар мекунад.
-
Мавҷи бузурги худкушии низомиёни саҳюнист
Май 11, 2025 08:47Порс Тудей - Рӯзномаи “Раъй ал Явм” якшанбе гузориш дод, ки маҳофили расонаии режими саҳюнистӣ нисбат ба афзоиши теъдоди худкушиҳо дар миёни низомиёни саҳюнист ҳушдор додаанд.
-
New York Times: Халиҷи Форс мардуми Эронро муттаҳидтар кард
Май 11, 2025 08:27Порс Тудей - Як расонаи амрикоӣ навишта Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз сафар ба минтақаи (Ғарби Осиё), тағйири номи «Халиҷи Форс»-ро матраҳ карда; «изҳороти нобаҷое, ки Эрону мардуми ин кишварро хашмгин ва муттаҳидтар кард».
-
Ироқчӣ дар гуфтугу бо вазири хориҷаи Шветсия : таъарруз ба сафорати Эрон дар Стокголмро маҳкум мекунем
Май 10, 2025 09:23Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо вазири хориҷаи Шветсия бо маҳкум кардани таъарруз ба сафорати Эрон дар Стокголм , хостори бархӯрди ҷиддии давлати Шветсия бо омилони ин ҳодиса шуд.
-
Дасти радди Аморот бар синаи режими саҳюнистӣ дар бораи созу кори нави кумакрасонӣ ба Ғазза
Май 10, 2025 09:07Порстудей - Манбаъҳои ибризабон шанбе гузориш доданд, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ ба сурати расмӣ ба режими саҳюнистӣ итилоъ дода, ки дар созукори пешниҳодии нав барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза мушорикат нахоҳад кард .
-
Солеҳӣ : Эрони Имомризоӣ , Эрони мантиқ ва гуфтугуст
Май 10, 2025 07:18Порстудей - Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон бо баёни инки Имом Ризои мо , Имом Ризои мантиқ , сухан , таъаққул ва гуфтугӯ буд , гуфт : Номи даҳаи Каромат , Эрони Имом Ризост ; агар мехоҳем Эрони Имом Ризоӣ дошта бошем бояд Эрони мантиқ , гуфтугуи эронӣ ки битавонем якдигарро таҳаммул кунем , дошта бошем .
-
Боздошти як эронӣ дар Англия
Май 10, 2025 05:49Порстудей - Полиси зиддитероризми Англия ҷумъа эълом кард, ки дар идомаи таҳқиқот дар бораи як парвандаи амниятӣ , фарди дигареро, ки як шаҳрванди эронӣ аст, дар шимолу ғарби Лондон боздошт кардааст.
-
Кушта шудани 9 низомии Покистон дар ҳамлаи Ҳинд ба Вазиристон
Май 10, 2025 05:24Порстудей - Артиши Покистон ҷумъашаб эълом кард, ки ҳамлаи унсурҳои террористӣ ба неруҳои амниятӣ дар Вазиристони ҷанубӣ мунҷар ба кушта шудани 9 низомии покистонӣ шудааст .
-
Ниҳодҳои байналмилалӣ : Буҳрони инсонӣ дар Ғазза фоҷеъабор шудааст
Май 10, 2025 05:02Порстудей - Дар ҳолеки се ниҳоди байналмилалӣ ҷумъа бори дигар зимни ҳушдор дар бораи қаҳтӣ , ривоҷи беморӣ ва маргу мири бархоста аз гуруснагӣ дар Ғазза , хостори таваққуфи фаврии ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ва вуруди бемонеъаи кумакҳои инсондӯстона ба ин минтақаи муҳосирашуда шуданд , артиши режими Исроил анбори кумакҳои инсонӣ дар Ғаззаро бомбаборон кард .