Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба мақари афсарони аршади режими саҳюнистӣ
Июн 30, 2026 12:02 Asia/Dushanbe
-
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба мақари афсарони аршади режими саҳюнистӣ
Порс Тудей — Нерӯҳои муқовимати Лубнон як мақари фармондеҳии артиши режими саҳюнистиро дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; бар асоси гузоришҳо расонаҳои саҳюнистӣ изъон карданд Ҳизбуллоҳ мақареро дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод, ки афсарони аршади артиши ишғолгар дар дохили он ҳузур доштанд.
Бар асоси гузоришҳо як бастаи инфиҷорӣ дар мақари ҷонишини фармондеҳи яке аз бригадаҳои комондои артиши Исроил мунфаҷир шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин амалиёт, ду низомӣ захмӣ шуданд, ки вазъияти яке аз онон вахим гузориш шудааст.
Барчасп