Бурди занони футболисти Эрон дар интихобии олимпӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i100554-Бурди_занони_футболисти_Эрон_дар_интихобии_олимпӣ
Тими миллии футболи бонувони Эрон дар нахустин дидори худ аз рақобатҳои футболи интихобии олимпии 2024 баробари Миёнмор ба бартарӣ расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 05, 2023 16:29 Asia/Dushanbe
  • Бурди занони футболисти Эрон дар интихобии олимпӣ

Тими миллии футболи бонувони Эрон дар нахустин дидори худ аз рақобатҳои футболи интихобии олимпии 2024 баробари Миёнмор ба бартарӣ расид.

Нахустин дидори тими миллии футболи бонувони Эрон аз гуруҳи “B” –и рақобатҳои интихобии олимпии футболи бонувон имрӯз (чаҳоршанбе) дар варзишгоҳи Дуонои шаҳри Ёнгун баробари Миёнмори мизбон баргузор шуд, ки ин дидор бо натиҷаи як ба сифр ба суди тими миллии футболи бонувони Эрон ба поён расид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Афсонаи Чатринур дар дақиқаи 52 барои Эрон голзанӣ кард.

Ба далели инсирофи тимҳои Бангладешу Молдова дар гуруҳи “B” –и рақобатҳои қаҳрамонии футболи занони Осиё, тимҳои Эрону Миёнмор ба сурати рафту баргашт мусобиқа медиҳанд то таклифи тими роҳёбанда ба марҳилаи баъдии мусобиқот мушаххас шавад.

Бозии баргашти тимҳои миллии футболи бонувони Эрону Миёнмор 8 апрели 2023 баргузор хоҳад шуд.