Таъкиди мақомоти Қирғизистон ва Эрон бар рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ
Мақомоти Қирғизистон ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бар рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Тамир Сориф раиси утоқи бозаргонӣ ва саноъеи Қирғизистон бо Саъид Харозӣ сафири Эрон дар Бишкек дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор тарафайн дар мавриди чашмандози рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвра баҳсу баррасӣ карданд.
Тиҷорати Қирғизистон ва Эрон дар ҳоли ҳозир ба сатҳи 80 миллион доллар наздик шуда аммо ҳар ду тараф тамойили худро барои афзоиши ин рақам иброз карданд.
Сафир Эрон дар Қирғизистон низ ба аҳамияти утоқҳои бозаргонӣ ва рушди ду кишвар ба унвони робитаи туҷор ва созмонҳои давлатӣ таъкид ва хостори афзоиши ҳакориҳо бо Эрон шуд.