Омодагии Эрон ва Қирғизистон барои тавсиаи ҳамкориҳои тиҷорӣ
Раиси Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон, дар дидор бо сафири Қирғизистон бар омодаии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои тавсиаи ҳамкориҳоии тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.
Ба гузориши Садои Хуросон Алиризо Паймонпок ва Турдакун Сидиков дар хусуси тавсиаи равобити иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тиҷорӣ баҳс ва табодули назар карданд.
Раиси Созмони тавсиа ва тиҷорати Эрон, дар ин нишаст гуфт : Тавлиди муштарк барои рафъи ниёзмандиҳои бозори кишварҳои минтақаи Авру Осиё дар ҳавзаҳои мухталиф фурсати бисёр муносибе аст, ки мебояд бар он тамаркуз ва барномарези кард.
Паймонпок афзӯд: Сафорати Қирғизистон барномарезии густардае барои тавсиа ва иртиқои сармоягузории тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни дукишвар дорад.
Сидиков афзӯд: Тавсиаи ҳамкориҳои дукишвар дар ҳавзаи гардишгари ва роҳандозии хутути парвози мустақим хусусан шаҳри Бишкек ба Машҳад ё Теҳронро аз дигар мавзӯъоти муҳим дар тавсиаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Қирғизистон аст.
Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё (EAEU) як иттиҳодия иқтисодии байни давлатиҳои Беларусия, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст.