Тағир дар кобинаи давлати Эрон
Апрел 11, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
Сухангуи давлати Эрон аз тағири вазири ҷиҳоди кишоварзӣ ва раиси созмони барнома ва будҷаи Эрон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Алӣ Баҳодуриҷаҳруми сухангуи давлати Эрон рузи сешанбе эълом кард: Сайидмасъуди Миркозими, раиси ситоди барнома ва будҷа, Сайидҷаводи Содотинажод вазири ҷиҳоди кишоварзӣ масъулони ҳастанд, ки аз ҳайати давлати Эрон ҷудо шуданд.
Довуди Манзур ҷойгузини Миркозими дар созмони барнома ва будҷаи Эрон шуд ва Сайдмуҳаммади Оқомирӣ низ ба унвони сарпарасти ҷиҳоди кишоварзии Эрон таъин хоҳад шуд.
Барчасп