Бузургтарин режаи (парад) дарёии ҷабҳаи муқовимат дар ҳимоят аз мардуми Фаластин
(last modified Thu, 13 Apr 2023 05:23:35 GMT )
Апрел 13, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин режаи (парад) дарёии ҷабҳаи муқовимат дар ҳимоят аз мардуми Фаластин
    Бузургтарин режаи (парад) дарёии ҷабҳаи муқовимат дар ҳимоят аз мардуми Фаластин

Раиси ситоди итифоза ва Қудси Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ гуфт: Нахустин режаи (парад)дарёӣ дар ҳимояд аз мардуми мазлуми Фаластин дар кишварҳои меҳвари муқовимат, ки соҳил ва дарё доранд, баргузор мешавад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сардор Рамазони Шариф, раиси ситоди интифоза ва Қудси Шӯрои ҳамоҳанги таблиғоти исломӣ гуфт: Нахустин режаи (парад) дарёии кишварҳои меҳвари муқовимат ҳамзамон панҷшанбе 24 фарвардин дар обҳои Хазар, Халиҷи Форс ва дарёи Уммон баргузор мешавад.

Сардор Шариф гуфт: Ин режа (парад) соати 15:30 дақаи 24 фарвардин оғоз мешавад ва дар ин режа (парад) беш аз 2500 шиновари мардумӣ ва басиҷӣ, парчами Фаластин ва парчами Эронро ҳамл хоҳанд кард.

Сардор Шариф афзӯд: Ин режа паёми қобили таваҷҷӯҳе барои размандагони фалатиниро дар пай хоҳад дошт ва дар шароити кунуние, ки муҳосираи дарёии мардуми Фаластин  мавзӯъи забонзад аст, ин режаи дарёӣ, ки дар кишварҳои ҳавзаи муқовимат ҳамзамон баргузор мешавад паёми дигаре барои ҳимоят аз мардуми Фаластин дорад.