Апрел 17, 2023 16:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори фармондеҳону масъулони аршади неруҳои мусаллаҳ
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори фармондеҳону масъулони аршади неруҳои мусаллаҳ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво зуҳри дирӯз (якшанбе), дар дидори фармондеҳону масъулони аршади неруҳои мусаллаҳ, ин неруҳоро ҳисорҳои мустаҳками кишвару миллат хонданд ва бо ибрози хурсандӣ аз ҳаракату пешрафти мустамар дар неруҳои мусаллаҳ гуфтанд: Ба ҳеҷ ҳадде аз истеҳкому пешрафт қонеъ набошед ва бидуни таваққуф ба пеш биравед.

Бархе бар ин бовар ҳастанд, ки дар дунёи имрӯз қудрати низомӣ мабнои қудратманд будани як кишвар нест ва қудрат дорои мабнои ғайринизомӣ, ба хусус иқтисодӣ аст.

Дар муқобил, назарияпардозони реалист дар равобити байналмилал муътақид ҳастанд, ҳамчунон қудрати низомӣ муҳимтарин манбаи қудрати кишварҳо аст. Ин дидгоҳ ба таври хос дар хусуси кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё сидқ мекунад.

Минтақаи Ғарби Осиё дар зумраи пурошӯбтарину ноамнтарин манотиқи ҷаҳон аст, ки доштани қудрати низомӣ ҳам аз шурути доштани амният ва ҳам аз муаллафаҳои қудратманди кишварҳо аст.

Илова бар ошӯбзову ноамн будани минтақаи Ғарби Осиё, далоили дигаре дар хусуси таъкиди ҳамешагии Раҳбари инқилоби Эрон бар тақвияти бунияву қудрати низомӣ вуҷуд дорад.

Далели нахуст ин ки бо тавваҷуҳ ба шароити хоси минтақаи Ғарби Осиё ва ҳамчунин мудохилаи густардаи қудратҳои ғарбӣ дар умури дохилии минтақа, таҳдид алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба таври мудовим вуҷуд дорад. Илова бар ин, ҳузури режими саҳюнистӣ дар муҳити перомунии Эрон ва душмании ин режим бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин ҳузури бархе гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб дар кишварҳои ҳамсоя низ сабаби мудовим будани таҳдид алайҳи Эрон аст.

Аз ин рӯ, Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори фармондеҳони неруҳои мусаллаҳ таъкид карданд: Таҳдид, ҳеч гоҳ ба таври комил аз байн намеравад. Бинобарин бояд ҳарчӣ метавонед бар омодагиҳои мухталиф биафзоед.

Далели дувум ин ки қудрати низомӣ яке аз муҳимтарин илале аст, ки сабаб шуд пас аз ҷанги таҳмилии 8 сола, бо вуҷуди ин ки душманон ҷангҳои мухталифу мутааддедиро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба роҳ андохтанд, аммо ҳаргиз ба самти ҷанги низомӣ ҳаракат накарданд.

Дар солҳои ахир дастикам дар бархе давраҳо, аз ҷумла дар соли 2018 ва пас аз сарнагун кардани паҳподи амрикоии «Глобал Ҳаук», давлати собиқи Амрико дар садади ҷанг алайҳи Эрон буд.

Он чӣ сабаб шуд, давлати Доналд Трамп аз ҷанг алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон иҷтиноб кунад, қудрати низомии Эрон дар абъоди мухталиф, ба вижа дар буъди мушакӣ буд. Бинобарин, доштани қудрати низомӣ омили муҳиме барои шакл нагирифтани ҷанг алайҳи кишварҳо аст. Кореяи Шимолӣ яке аз масодиқе аст, ки ба далели доро будани қудрати низомӣ, то кунун шоҳиди иқдоми низомӣ алайҳи худ набуд.

Далели сеюм низ ин аст, ки неруҳои шарири байналмилалие шабеҳи ДИИШ ҳамвора имкони шаклгирӣ доранд. Ин гуруҳҳо, ки ба эътирофи мақомоти Амрико сохтаи ин кишвар ҳастанд, абзори сиёсати хориҷии Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоб низ дар дидори рӯзи гузашта ба ҷангафрӯзиҳои неруҳои шарири байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ишора кардаву онро яке аз далоили таъкид бар тақвияти қудрати низомӣ баршумурданд.

Нуктаи поёнӣ ин ки бо тавваҷуҳ ба ҷойгоҳи амниятсозе, ки неруҳои мусаллаҳ ҳам дар даруни кишвар дар мувоҷеҳа бо иғтишошоту ошӯбҳои дарунӣ ва ҳам дар таъмини амнияти марзӣ ва тақвияти умқи роҳбурдии Ҷумҳурии исломии Эрон доранд, душманон ҷангишинохтии худро алайҳи Неруҳои мусаллаҳи Эрон мутамаркиз карданд. Раҳбари инқилоб низ бо огоҳӣ аз ин мавзуъ ҳамчунон бар лузуми тақвияти қудрати низомӣ таъкид доранд.