Вокуниши Эрон ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи Ҳалаби Сурия
(last modified 2016-12-20T14:49:38+00:00 )
Декабр 20, 2016 19:49 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи Ҳалаби Сурия

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии ҷумҳурии исломии Эрон қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи шаҳри Ҳалаби Сурияро заминасози вуруди нерӯҳои иттилоотии ҳомии терроризм ба ин шаҳр арзёбӣ кард.

Ба иттилои Ирно, Алии Шамхонӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, озодсозии Ҳалаб аз ишғоли гурӯҳҳои террористиро дастоварди бузурги низомӣ барои артиши Сурия ва ҷибҳаи муқовимат донист ва гуфт: Тасвиби қатъномаи 2328 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, идомаи фаъолитҳои мухарриби гузашта аст ва заминаро барои вуруди аносури иттилоотӣ ва низомии кишварҳои ҳомии терроризм дар қолаби нерӯҳои нозир ба Ҳалаб фароҳам мекунад.

Шамхонӣ ба талошҳои густардаи кишварҳои ҳомии терроризм дар чанд моҳи гузашта барои ба шикаст кашондани артиши Сурия ишора кард ва афзуд: Дар ин қатънома ҳеҷ нақше барои давлати қонунии Сурия дида нашуда ва ба ҷои авлавият додан ба мавзуи имдодрасонӣ ба мардуми таҳти муҳосираи террористҳо дар Сурия, танҳо чигунагии хуруҷи амни террористҳо ва афроди мусаллаҳ аз Ҳалаб мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид рӯзи душанбе бо истиқрори нерӯҳои ин созмон дар шаҳри Ҳалаби Сурия барои назорат бар тахлияи террористҳо ва таҳияи гузориш дар бораи сарнавишти ғайринизомиёне, ки дар ин шаҳр боқӣ мемонанд, мувофиқат карданд.

 

Барчасп