Канъонии Чофӣ: Эрон мухолифи ҷанги Украина аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Эрон мухолифи ҷанг ва ҳомии барқарории оташбас ва сулҳ дар Украина аст.
Ба гузориши Садои Хуросон Носир Канъонии Чофӣ дар посӯх ба саволи хабарнигор дар хусуси иддаои ахири рӯзномаи « Wall Street Journal» мабни бар ирсоли муҳиммот аз Эрон ба Русия барои ситифода алайҳи Украина , ин иддаоро такзиб кард.
Канъонии Чофӣ дар ин бора гуфт: Дар ҳоле, ки ҷангафрӯзон бо ирсоли мустамири таслиҳоти пешрафта ба Украина, гузинаи ҷанг ва манофеъи моллӣ ва сиёсӣ ноши аз онро интихоби аслии худ қарор дода ва масири музокира ва сулҳро баста нигаҳ доштаанд, бархе расонаҳои вобаста ба онҳо бо интишори тарвиҷи ин гуна ахбори кизб, барномаҳои Эрон ҳаросона ва аҳдофи сиёсии хоси худро дунбол мекунанд.
Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон бо таъкид бар ин, ки мавозеҳи сареҳ ва шафофи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар хусуси ҷанги Украина борҳо ба сурати расми эълом шудааст, ёдовар шуд: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон мухолифи ҷанг ва ҳомии барқарории оташбас ва сулҳи Украина аст.