Канъонӣ: Нигариши фазои умумӣ дар Амрико ба моҳияти апартеиди режими саҳюнистӣ тағйир кардааст
(last modified 2023-04-30T11:14:14+00:00 )
Апрел 30, 2023 16:14 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Нигариши фазои умумӣ дар Амрико ба моҳияти апартеиди режими саҳюнистӣ тағйир кардааст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар паёме навишт: Нигоҳ ба фазои умумӣ дар Амрико ба унвони падархондаи режими ҷаълии Исроил ва охирин изҳори назирҳо ва афкорсанҷиҳо, нишонгари тағйири малмӯс дар навъи нигариш ба моҳияти апартеиди ин режим аст.

Носири Канъонӣ дар паёме навишт: Бар асоси охирин назарсанҷии донишгоҳи Мэриленд, 20 дарсад аз ҷумҳурихоҳон ва 44 дарсад аз демократҳо, Исроилро нажодпараст медонанду ҳимоят аз ҷумбиши таҳрими режими саҳюнистӣ низ афзоиш ёфтааст.

Сухангӯи вазорати хориҷа, ҳамчунин хотирнишон кард, қатъан дар сӯрати боз шудани фазои озодии баён алайҳи саҳюнистҳо ва раҳо шудани Амрико аз сайтараи лобии саҳюнистӣ ва назарсанҷии густарда ва мустақилтар аз мардуми Амрико, натоиҷи шигифтангезтаре алайҳи моҳияту мавҷӯдияти ин режими ҷаълии Исроил ба даст меояд.

 

Барчасп