Таҳлил- Эрон ва Ҳинд дар масири тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ
Мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд, ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Оҷит Девал,мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд рӯзи душанбе дар Теҳрон дар бораи равобити сиёсӣ, амниятӣ ва бавижа масоили иқтисодӣ, табодули назар карданд. Шамхонӣ бо баёни инки равобити дукишвар аз иродаи тарафҳои солис мутаассир намешавад ва зидди ҳеҷ тарафе нест, фаъолсозии механизми риёл - рупия дар мубодилоти иқтисодии дукишварро хостор шуд.
Эрону Ҳинд ба гувоҳи таърих ҳамвора равобити дӯстонае бо якдигар доштаанд; пас муддате сардии равобит, ки умдатан ба авомили берунӣ марбӯт мешавад, соли гузашта Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Ҳинд сафар карду мақомоти ду кишвар бори дигар бар лузӯми афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд; Шамхонӣ ва Девал низ соли гузашта дар ҳошияи чаҳорумин нишасти гуфтугуи амнияти минтақаӣ дар Тоҷикистон дидор ва дар бораи шаклгирии муносиботи ҷадид дар арсаи байналмилалӣ ва таҳаввулоти Афғонистон ройзанӣ карданд.
Ҳамзамон бо ин таҳаррукоти дипломатӣ, равобити иқтисодии Эрону Ҳинд низ афзоиш ёфту бино бар эъломи вазорати бозаргонӣ ва санъати Ҳинд, тиҷорати Эрон ва Ҳинд дар соли 2022 ба ду миллиарду 500 миллион доллар расид, ин мизон дар муқоиса бо соли 2021, 48 дарсад рушд нишон медиҳад, мизони тиҷорати ду кишвар дар соли 2021 наздики як миллиарду 690 миллиондоллар буд .
Аз ҷумлаи роҳкорҳои дар назар гирифта шуда барои афзоиши муносиботи иқтисодии Эрону Ҳинд истифода аз арзҳои ҷойгузини доллар аст, Бонки марказии Ҳинд эълом кардааст, барои тасҳили муомилоти тиҷорӣ бо кишварҳои таҳти таҳрими иқтисодӣ ҳамчун Эрону Русия, механизм пардохт бо рупияро ба кор хоҳад гирифт, ин иқдом гоме муҳим дар пешбурди равобити ду ҷониба миёни Эрону Ҳинд маҳсӯб мешавад ва метавонад бархе мавонеъи кунӯнӣ дар судӯри суратҳисоб, пардохту тасвияи содироту воридот дар тиҷорати ду кишварро рафъ кунад.
Дар ин ҳол, Ҳинду Эрон ба раванди музокироти худ дар хусӯси тавофуқи баландмуддат барои истифода аз бандари роҳбурдии Чобаҳор ва тавсеаи он суръат бахшидаанд, бархе гузориш низ ҳокист ду кишвар ба тавофуқи баландмуддат барои иҷрои амалиёт дар бандари Чобаҳор наздик шудаанд,ин қарордоди баландмуддат, ки 10 сол эътибор дорад ба таври худкор тамдид шуда ва ҷойгузини паймони қаблӣ мешавад, ки барои тамдиди фаъолияти Ҳинд дар поёнаи Шаҳид Биҳиштии бандари Чобҳор дарназар гирифта шуда буд.
Минтақаи озоди Чобаҳори Эрон дар савоҳили дарёи Уммон, масирии мутмаин ва кӯтоҳро миёни Уқёнуси Ҳинд ва Халиҷи Форс, ғарб ва маркази Осиё ва ҳамчунин Қафқоз ва Аврупо эҷод мекунад; ин бандар масири мустақим ба Афғонистонро барои Ҳинд фароҳам мекунаду Деҳлии Нав дар талош аст то бо эҷоди иртиботи ҷодаӣ ва рейлӣ аз Чобаҳор, манобеи табиии Осиёи Марказиро мустақиман кантрол карда ва ё саҳме аз онҳо дошта бошад ва аз тариқи эҷоди дастрасии амн ба ин манотиқ, роҳҳоеро барои транзит ба Русия , Аврупои Шарқӣ ва ғарбӣ эҷоди Ҷумҳурии исломии Эрон низ метавонад аз тариқи бандари Чобаҳор ба қутби аслии тиҷорату транзит дар миёни Халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё табдил шавад. Дар ҳамин росто, Эрон на танҳо зерсохтҳои Чобаҳорро тавсеа дода, балки бо соири кишварҳо барои иртиқои бештари потансиалҳои транзитии худ мушорикат кардааст.
Илова бар ин, узвияти Ҷумҳурии исломии Эрону Ҳинд дар паймонҳои минтақаӣ ҳамчун Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи Уқёнуси Ҳинд, нигарониҳои муштараки амниятӣ дар хусӯси Афғонистон ва ҳамчунин ниёзи Ҳинд ба нафт низ эҷоб мекунад муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии Эрону Ҳинд густариш ёбад.
Дар ҳамин иртибот, мушовири амнияти миллии нахуствазири ҳинд Дар дидор бо Шамхонӣ бо ишора ба нуфӯзи ҷиддии фарҳанги Эрон дар зиндагии рӯзмарраи мардуми Ҳинд ва пайвандҳои амиқ миёни ду миллат, гуфтааст: Кишварҳои мустақил бояд бо шинохти вижагиҳои таҳаввулоти ҷадиди ҷаҳонӣ ва ҳамзамон бо тақвияти тавонмандиҳои дохилии худ, барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва ифои нақши байналмилалии муассир омода шаванд.