Май 06, 2023 12:47 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Эрон ба Сурия дар сохти моҳвора

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ҷузви 10 кишвари тавонманд дар сохту партоби моҳвора дар дунё ҳаст ба Сурия дар сохти моҳвораи мавриди ниёз дар ҳавзаи иртиботот кумак мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исо Зореъпур,вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон дар ҳошияи сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Димишқ дар бораи ҳамкориҳои Вазорати иртибототи Эрон бо Сурия гуфт : Дар ин сафар як тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи иртиботот бо Сурия имзо шуд ; аз дар ихтиёр қарор додани додаҳои фазойӣ дар ихтиёри Эрон то сохти моҳвораҳое, ки мавриди ниёз Сурия аст .
Зореъпури афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҷузви 10 кишваре аст, ки тавонмандии сохту партоби моҳвора дар дунёро дар лояи мадори поинии Замин дорад .

 

Барчасп