Суханронии Раҳбари муаззами инқилоб дар маросими 34-умин солгарди риҳлати имом Хумайнӣ (раҳ.)
(last modified Wed, 24 May 2023 04:44:25 GMT )
Май 24, 2023 09:44 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоб дар маросими 34-умин солгарди риҳлати имом Хумайнӣ (раҳ.)

Раиси Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии устони Теҳрон аз ҳузури мақоми муаззами раҳбарӣ ва суханронии раҳбари Инқилоби Исломӣ дар маросими 34-умин солгарди риҳлати имом Хумайнӣ (раҳ.) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саид Муҳсини Маҳмудӣ, раиси Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии устони Теҳрон бо баёни инки баъд аз чанд соли корона, имсол фурсати бисёр истисноӣ ва муҳимме рақамхӯрда, ки иншоаллоҳ ҳузури мардум аз саросари кишварро дар ин маросим шоҳид хоҳем буд, гуфт: Қисмати умдаи таваҷҷуҳот бар маросими ҳарами ҳазрати имом мутамарказ аст, ки дар рӯзи 14 хурдод бо ҳузури мақоми муаззами раҳбарӣ ва суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баргузор мешавад.

Чаҳордаҳуми хурдоди 1402 ҳиҷрии шамсӣ, (чаҳоруми июни 2023) солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

34 соли пеш, Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ (раҳ.), раҳбари кабири Инқилоби Исломӣ, пас аз 87 сол зиндагии пурталош ва хастагинопазир, чашм аз ҷаҳон фурӯбастанд ва ба дидори ҳақ шитофтанд.

 

Барчасп