Қаҳрамонии тими миллии куштии алиши бонувони Эрон дар бахши озоди қаҳрамонии Осиё
(last modified Fri, 26 May 2023 14:33:49 GMT )
Май 26, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии куштии алиши бонувони Эрон дар бахши озоди қаҳрамонии Осиё

Тими миллии куштии алиши бонувон бо касби 2 медали тилло ва 2 медали нуқра ба унвони қаҳрамонии Осиё дар бахши озод даст ёфт.

Рақобатҳои куштии алиши бонувони қаҳрамонии Осиё дар бахши озод дар кишвари Узбакистон баргузор шуд ва дар поён Уммулбанин Муҳсинӣ дар вазни 60 килограм ва Райҳонаи Гелонӣ дар вазни 70 килограм ба медали тилло, Руқия Маҳмудободӣ дар вазни 65 килограм ва Иззат Қурбонии Сонӣ дар вазни 75 + килограм ба медали нуқра даст ёфтанд.

Сипедаи Бобоӣ дар вазни 55 килограм ва Саҳар Ғанизода дар вазни 75 килограм чаҳорум шуданд.

Дар радабандии тимӣ Эрон бо 230 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Узбакистон бо 215 имтиёз дувум шуд ва Қирғизистон дар ҷойгоҳи сеюм истод.

Намояндагони куштии алиши бонувони Эрон дирӯз дар бахши классик низ бо касби 4 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд.

Тими Эрон соли гузашта низ барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонии Осиё дар ду бахши озоду классик расида буд ва бонувони варзишкори эронӣ имсол низ аз унвони қаҳрамонии худ дифоъ карданд.