Касби севумин медали дави майдонии Эрон дар қаҳрамонии ҷавонони Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i103140-Касби_севумин_медали_дави_майдонии_Эрон_дар_қаҳрамонии_ҷавонони_Осиё
Давандаи 3000 метри монеъи Эрон мувақат ба касби медали биринҷии рақобатҳои дави майдонии ҷавонони Осиё шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Июн 05, 2023 17:11 Asia/Dushanbe
  • Касби севумин медали дави майдонии Эрон дар қаҳрамонии ҷавонони Осиё
    Касби севумин медали дави майдонии Эрон дар қаҳрамонии ҷавонони Осиё

Давандаи 3000 метри монеъи Эрон мувақат ба касби медали биринҷии рақобатҳои дави майдонии ҷавонони Осиё шуд.

Дар идомаи рақобатҳои дави майдонии қаҳрамонии ҷавонони Осиё, ки ба мизбонии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли баргузори аст ирмуз душанбе Самири Иқболи дар 3000 метри медали биринҷ гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин модаи бахш варзишкори ҷопонӣ дар ҷойгоҳи нахуст истод ва варзишкори ҳинӣ дувум шуд.

Ин севумин медали тими дави майдонии ҷавонони Эрон дар ин давра аз рақобатҳои қаҳрамонии Осиё шуд.

Нозанин Фотимаи Идиён пеш аз ин дар 400 метри монеъ нуқра гирифт ва Муҳаммадризо Зиёӣ низ дар партоби диск ба медали биринҷ даст пайдо кард.