Июн 11, 2023 15:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Эрон мақсади аввали паноҳҷуёни афғон дар ду соли ахир
    Таҳлил: Эрон мақсади аввали паноҳҷуёни афғон дар ду соли ахир

Созмони байналмиллалии муҳоҷират эълом кард дар ду соли ахир аввалин мақсади паноҳҷуёни афғон Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.

Бар асоси гузориши ин Созмон ҳамзамон бо қудрат гирифтани дубораи Толибон дар фосилаи солҳои 2021 ва 2022 се миллиону 600 ҳазор шаҳрванди афғонистонӣ ба дигар кишварҳо аз ҷумла Эрон муҳоҷират карданд аз миён 70 дарсад муъодили 2 миллиону 489 ҳазор нафар ба Эрон 18 дарсад муъодили 632 ҳазор нафар ба Покистон 11 дарсад муъодили 387 ҳазор нафар ба Туркия ва Аврупо ва 2 дарсади дигарашон муъодили 63 ҳазор нафар ба кишварҳои дигар муҳоҷират карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки воқеъиятҳои майдони дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад теъдоди муҳоҷирини Афғонистон, ки дар ду соли ахир ба Эрон омаданд бисёр бештар аз ин омор аст.

Ин ба он маъно аст, ки мардуми Афғонистон Эронро монанди ватани худ медонанд ва бо таваҷҷӯҳ ба бархурди хуб бо мардум ва давлати Эрон бо муҳоҷирини Афғонистон онҳо бештар роғиб ба ҳузур дар Эрон ҳастанд.

Алии Хазоӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: Эрон ва Афғонистон дар як ҳавзаи тамадуни қарор доранд ва солҳои зиёд аст, ки Афғонистон таҳти таъсири сиёсатҳои истеъмории Англистон аз Эрон ҷудо шуд ба ҳамин далел мардуми Афғонистон дар Эрон эҳсоси оромиши бештар доранд ва тавом бо эҳтиром бо онҳо бархурд мешавад, ки бисёр арзишманд аст.

Воқеъият низ ин аст, ки муҳоҷирони Афғонистон дар беш аз чаҳор даҳҳаи ахир, ки ба Эрон омаданд ҳеҷгоҳ дар кампҳо набуда ва ҳамвора дар шаҳрҳо дар канори мардум зиндагӣ карда ва ба машоғили мухталиф пардохтанд, ки дар бисёри аз ҳерфаҳо устод шуданд ва метавонанд дар бозгашт ба Афғонистон барои кумак ба бозсозии ин кишвар бисёр муфид бошанд дар муқоиса бо рафтори бархе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо муҳоҷирони ин кишвар, ки ахиран дар чорчуби боздоштҳои густарда худнамоӣ мекунад рафтор ва амалкарди давлати Эрон бо муҳоҷирони афғон аз руи раъфати исломӣ ва бародари ва ҳусни ҳамҷавори аст ва ин мавзуъ бидуни таваҷҷӯҳ ба навъи ҳокимият дар Афғонистон дунбол мешавад.

Сайидисои Ҳусейнимазори коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: Мардум ва давлати Эрон бо мардуми Афғонистон ҳамвора равобити хуби дошта ва ин мавзӯъ беш аз ҳарчизе ноши аз иштирокоти тамаддунӣ фарҳангӣ ва динӣ аст ва ин боис шудааст то мардуми Афғонистон ҳеҷгоҳ дар Эрон эҳсоси ғариби накунанд ва давлати Эрон ҳам бо дар назар гирифтани шароити мардуми Афғонистон ҳамвора пазироӣ онҳо буд, ки дар навъи худ дар ҷаҳон бесобиқа аст.

Дар ҳар ҳол дар ду соли ахир талошҳои муғризонаи зиёде сурат гирифт то миёни мардуми Эрон ва мардуми Афғонистон бадбини эҷод кунанд, ки бо дироят ва ҳушмандии ду тараф нақши бар об шуд аз ин рӯ мардуми Афғонистон ва мардуми Эрон дар канори ҳам ба равобити бародарона ва динии худ идома медиҳанд ва давлати Эрон низ ҳамвора кумакҳои худро ба мардуми Афғонистон, ки дар дохили ин кишвар ҳастанд идома дода ва иҷоза надода аст, ки онҳо дар ранҷ бошанд.

Аз инрӯ рафтор ва амалкарди давлат ва миллати Эрон бо мардуми Афғонистон мавриди ризоят ва таҳсини ниҳодҳои байналмиллалӣ ба хусус ҳуқуқи башари будааст. Дар дохили Афғонистон низ мақомоти давлати дар Афғонистон ҳамвора аз ҳимоятҳо ва пазироӣ Эрон аз муҳоҷирини афғон ташаккур ва қадрдони карданд ва мардуми Эрон умевор ҳастанд Толибон низ бо дар назар гирифтани ҳусни ҳамҷавори ба таъаҳудоти худ дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон амал кунад ва ба сиёсибозӣ ва сиёсикории худ поён диҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп