Июн 11, 2023 19:25 Asia/Dushanbe
  • Тими куштии фарангии навҷавонони Эрон
    Тими куштии фарангии навҷавонони Эрон

Тими миллии куштии фарангии навҷавонони Эрон ба мақоми қаҳрамонии Осиё расид.

Тими миллии куштии фарангии навҷавонони Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё бо касби 4 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ пас аз чаҳор сол муқтадирона ба унвонии қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, барои тими Эрон дар ин рақобатҳо Муҳаммадмеъроҷи Муҳаммадӣ дар вазни 51 килограм, Муҳаммадризо Ғуломӣ дар вазни 55 килограм, Алиакбари Асғарӣ дар вазни 92 килограм ва Амирҳусайни Абдувалӣ дар вазни 110 килограм ба медали тилло расиданд.

Ирфони Муродӣ дар вазни 45 килограм, Ҳабибуллоҳ Раҳимӣ дар вазни 71 килограм ба медали нуқра, Алии Дизфулинажод дар вазни 60 килограм ва Аҳмадризо Муҳаммадиён дар вазни 65 килограм ба медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Дар радабандии тимӣ Эрон бо 188 имтиёз ба унвонии қаҳрамонӣ даст ёфт ва тимҳои Қирғизистон бо 176 ва Узбакистон бо 151 имтиёз ба тартиб дувум ва сеюм шуданд.