Июн 12, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Иртиботи миёни Эрон ва кишварҳои мустақил дар Амрикои Лотин роҳбурди аст
    Раисӣ: Иртиботи миёни Эрон ва кишварҳои мустақил дар Амрикои Лотин роҳбурди аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафари ба Венесуэла ба манузри дидор аз се кишвари минтақаи Амрикои Лотин иртиботи байни Эрон ва кишварҳои мустақили ин минтақаро роҳбурди тавсиф кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз душанбе ба манузри иртиқои сатҳи равобит бо кишварҳои дуст ва ҳамсу дар сарварии ҳайати олирутба озими Каракас пойтахти Венесуэла шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳур, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ин сафар ба даъвати расмии расони ҷумҳурии Венесуэла ва Никарагуа ва Кубо аҷнмо мешавад изҳор кард имруз аксари кишварҳои минтақаи Амрикои Лотин кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд мустақил зиндагӣ кунанд ва руҳияи озодихоҳи, истиқлолталаби ва муқовимат дар муқобили низоми султа ваҷҳи муштараки кишварҳое аст, ки дар ин минтақа бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иртиботи хуби доранд.