Канъонӣ: Ҷазираҳои сегона ҷузи ҷудонашаванда ва абадии хоки Эрон ҳастанд
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи вазирони хориҷаи шурои ҳамкории Халиҷи Форс ҷазираҳои сегонаи эронӣ Бумусо, Тунби бузург ва Тунби кучакро ҷузи ҷудонашаванда ва абадии хоки Эрон донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъоӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар роҳбурдии минтақа ва сиёсати мабноӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси тақвият ва таъмиқи муносибот бо кишварҳои шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва рушди асли ҳамсоягӣ ибрози умедвори кард кишварҳои минтақа бо нигоҳ ба оянда ва ба дур аз адабиёти сунати гузашта чорчубҳои навинеро барои ҳамкории дар минтақа бино ниҳанд.
Канъонӣ раванди таҳавулоти моҳҳои ахир дар минтақаро умедбахш ва дар чорчуби манофеъи тамоми кишварҳои ин ҳавза донист ва афзуд: Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар пешбурди манофеъи минтақа дорои масъулияти ҷамъи ҳастанд ва Эрон ҳамвора аз гуфтугу ва ҳамкории кишварҳои ин ҳавза ба унвони шарикони минтақаӣ ҳимоят карда аст.