Июн 18, 2023 12:13 Asia/Dushanbe
  • 6 медали озодкорони эронӣ дар ҷоми Саркисиян
    6 медали озодкорони эронӣ дар ҷоми Саркисиян

Тими мунтахаби куштии озоди Теҳрон ба 6 медали ҷоми Саркисияни Арманистон расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА рақобатҳои байналмилалии кушти озоди ҷоми Саркисиян дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон баргузор шуд ва рузи шанбе ба поён расид.

Тими мунтахаби куштии озоди Теҳрон бо касби 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷ ба кори худ дар рақобатҳои байналмилалии ҷоми Саркисияни Арманистон поён дод.

Барои тими Эрон Амриалӣ Озарпиро дар вазни 97 килограм, Солори Ҳабиби дар вазни 125 килограм ба медали тилло Али Қулизодагон дар вазни 61 килограм, Амин Тоҳири дар вазни 125 килограм ба медали нуқра Паёмони Биёбони дар вазни 65 килограм ва Амирҳусейни Ҳусейнӣ дар вазни 74 килограм ба медали биринҷ даст ёфтанд.

Барчасп