Нишасти сафири Эрон бо тоҷирону бозаргонони шарқи Афғонистон ва волиии Нангарҳор
Роҳҳои густариши ҳамкориҳои байни Эрону вилоятҳои шарқии Афғонистон дар заминаҳои мухталиф дар ҷараёни сафари намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри Эрон дар умӯри Афғонистон ба вилояти Нангарҳор баррасӣ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Козимии Қумӣ-сафир ва намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон дар сафар ба Нангарҳор дар шарқи Афғонистон бо туҷҷору бозаргонони ин устон дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.Дар сафари Козимии Қумӣ ба Нангарҳор, танҳо маркази контроли диабет ва муроқибати шарқи Афғонистон, ки бо ҳамкории мутахассисони эронӣ роҳандозӣ шудааст, ба баҳрабардорӣ расид . Сафири Эрон дар Афғонистон ҳамчунин аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои интиқоли таҷрибиёт ба Афғонистон дар заминаҳои мухталиф хабар дод . Раванди тиҷорату сармоягузории муштарак низ ҳамзамон бо транзит аз Ҷумҳурии исломии Эрони рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст .