Қолибоф: Қудрати Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бархоста аз мардум аст
(last modified Sun, 02 Jul 2023 07:52:07 GMT )
Июл 02, 2023 12:52 Asia/Dushanbe

Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон бо баёни ин ки қудрати Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бархоста аз мардум аст гуфт: Сипоҳ ниҳоди инқилоби, мактаби, мардуми ва арзиши ва коромад буда ва меросдори фарҳанги шуҳадо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, Муҳаммадқбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломии Эрон рузи якшанбе дар ҳамоиши бузургдошти шуҳадо ва сардорони шаҳиди созмони ҳифозати иттилоъоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Имруз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо тамоми қудрат дар арсаҳои миллӣ ва минтақаӣ худ ҳузур дорад ва бо тасалути иттилоъоти худаш бар минтақа ва тасалут бар арсаи миллӣ ҳамаи тавтеаҳои душманони инқилоб дар дохил ва хориҷ аз кишварро хунсо мекунад.