Июл 04, 2023 10:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳимояти ошкори Эрон аз мардуму муқовимати Фаластин дар паи ҷиноёти тозаи режими Исроил

Намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар бо ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз мардуми мазлӯми Фаластин ва муқовимати Фаластинро эълом кард.

Намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар вокуниш ба даври ҷадиди ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар урдӯгоҳи Ҷанин тасреҳ кард : Режими Исроил фақат дар баробари мантиқи зӯр ва на музокираву созиш таслим мешавад .Намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ ба нашрияи амрикоии Нисзвик низ дар вокуниш ба ин ҷиноёти режими Исроил гуфт : " Бар асоси арзёбии Эрон фаластиниҳо наметавонанд аз тариқи музокира ҳуқуқи  худро аз режими Исроил ба даст оваранд, зеро фақат бо иттико ба зӯр метавон режими Исроилро водор ба гуфтугӯ кард ; бинобарин Эрон аз ҳар гуна дархости кумак аз сӯи муқовимати Фаластин ҳимоят мекунад . "
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар натиҷаи ҷинояти низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар шаҳру урдӯгоҳи Ҷанин то кунун 11 нафар аз фаластиниён ба шаҳодат расида ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд .
Бомдоди рӯзи душанбе паҳподҳои режими саҳюнистӣ ба хонаҳои шаҳрвандони фаластинӣ ва масоҷид дар шаҳри Ҷанин ва урдӯгоҳи ин шаҳр ҳамла карданд .
Ҳамчунин низомиёни саҳюнист аз чанд меҳвар ба ин шаҳр юриш бурданд, ки бо муқовимати шадиди муборизони фаластинӣ мувоҷеҳ шуданд .
Дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар тӯли моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст ; ба гӯнае ки сарони сиёсӣ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ин режим ба нотавонии худ дар муқобила бо ин амалиётҳо эътироф карда ва дар бораи густариши он ҳушдор медиҳанд .
Фарҳон Ҳақ-муовини сухангӯи СММ низ дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ҷанин таваққуфи ҳамалоти Исроилро хостор шуд ва гуфт : Анҷоми ҳамалоти мусаллаҳона дар манотиқи пурҷамъият ғайри қобили қабӯл аст .

Бештар бихонед :


 

 

Барчасп