Июл 04, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Созмони Ҳамкории Шанхай тамоюл дар рушди ҳамкориҳо дорад
    Раисӣ: Созмони Ҳамкории Шанхай тамоюл дар рушди ҳамкориҳо дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи СҲШ-ро дар иртиқои раванди рушди ҳамориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ тамоюл донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсти ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар ин нишаст ҷойгоҳи СҲШ-ро дар иртиқои раванди рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ мутамоиз донисту гуфт: Умедворам ҳузури Эрон дар ин созмон муҳим ва таъсиргузор, бистари таъмини амнияти дастаҷамъи, раҳнамун шудан ба суи рушди пойдор, густариши пайвандҳо ва иртиботот, тақвияти ваҳдат, эҳтироми беш аз пеш ба ҳақи ҳокимияти кишварҳо ва ҳамафзоӣ барои муқобила бо таҳдидоти муҳити зистро фароҳам оварад.

Раисӣ бо баёни ин ки суҳлу суботи пойдор замони муясар мешавад, ки миллатҳои минтақа бо такия бар ормонҳои муштараки баромада аз фарҳангу тамадуни худ бистарҳои ҳамкориро фароҳам оваранд афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷрубаи беш аз ду даҳҳа муборизаи мувафақ бо терроризм ва ифротигароӣ таъаҳуди худ ба тазмини амният ва мубориза бо султагарии дар минтақаро ба исбот расонда аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳамкории аъзои СҲШ дар бахши энержӣ, фановари, санъат, кишоварзӣ, тиҷорат ва бозаргони метавонад чашмандози равшан аз назми минтақаӣ одилона пеши чашми милали ҷаҳон бигушояд.

Раисӣ бо таъкид бар зарурияти ҳазфи доллар аз тиҷорати ҷаҳонӣ гуфт: Қудратҳои султагари ғарби бо тавасул ба иҷбории иқтисоди ва таҳрим, амният ва фановарии иқтисодӣ ва усули тиҷорати одилонаро дар ҷаҳон ба мухотира андохтанд.

Ҳимоят аз миллати Фаластин мавзуъи дигаре буд ки Раисӣ ба он пардохта ва таъкид кард: Режими саҳюнистӣ намоди айнии таҷовуз ба ҳақи ҳокимияти миллатҳо аст Эрон зимни эҳтиром ба ҳақи ҳокимияти ҳамаи милали мустақил ҳаргуна мудохила дар умури дохилии кишварҳоро маҳкум мекунад ва тақвияти ҳокимияти миллиро роҳи ҳалли аслии муқобила бо ноамни ва терроризм медонад.

Барчасп