Таъкиди Раисӣ бар густариши равобити Эрон ва Либи
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки равобити Эрон ва Либи пас пирузии инқилоби исломӣ ҳамвора дустона ва созанда буда аст ибрози умедвори кард бо барқарории субот ва оромиши Либи таъомулоти дуҷониба густариш ёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ойини дарёфти устуворномаи Алиҷумъа Ҳасан Фазил сафири ҷадиди давлати Либи дар Теҳрон гуфт мушкилоти Либи ва бархе кишварҳои исломӣ ноши аз ҳузур ва дахолатҳои бегонагон аст.
Раисӣ ибрози умедвори кард миллати Либи ҳар чи зудтар бо эҷоди шароити муносиб барои баргузории интихоботи саросари ва ташкили давлати фарогир бедахолати бегонагон дар ин кишвар поён диҳанд ва руз ба руз дар масири пешрафт гомҳои баландтари бардоранд.
Алиҷумъа Ҳасан Фазил сафири ҷадиди давлати Либи дар Теҳрон низ дар ин маросим бо баёни ин ки ду миллати мусламони Либи ва Эрон иштирокоти фаровони бо якдигар доранд изҳор кард: Миллати Либи ҳамвора ҳомии инқилоби исломии миллати Эрон буд ва афкори умумии Либи ба Эрон ба унвони яке аз ҳомиёни воқеъи ҷараёни муқовимат нигоҳи тақдиромез доранд ва сипосгузори талошҳои шумо барои тақвияти равобити минтақаӣ ҳастанд.