Декабр 25, 2016 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Рӯҳонӣ ва Путин дар бораи масоили минтақаӣ ва дуҷониба

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия таъкид карданд, ки ҳамзамон бо пирӯзиҳои ‏мардум ва артиши Сурия бар террористҳо ва тадовуми ин муборизот, музокироти сиёсӣ низ бо ҳадафи дастёбӣ ‏ба роҳи ҳалле, ки мавриди пазириши миллати Сурия бошад, пайгирӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ шанбешаб дар тамоси телефонии Владимир Путин бо вай, бо ошора ба пирӯзии артиши Сурия бар террористҳо бавижа дар Ҳалаб гуфт, ин пирӯзӣ ба террористҳо паём дод, ки наметавонанд бо ҷиноят ба аҳдофи худ дастёбанд ва бояд ҳамзамон бо ин муваффақият ва пирӯзӣ, музокироти сиёсӣ оғоз ва идома ёбад.

Раиси Ҷумҳурии  Исломии Эрон баргузории музокирот дар Остона-пойтахти Қазоқистонро гоме рӯ ба ҷилав хонд ва изҳор дошт, Қазоқистон макони муносибе барои музокироти сулҳ миёни гурӯҳҳои мухталифи мухолиф ва давлати Сурия аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таслияти терори сафири Маскав дар Анқара, ба давлат ва миллати Русия гуфт, ин ҳаракат нишон медиҳад, ки бояд комилан муроқиб буд, чаро, ки террористҳо бо шакл ва пӯшиши ҷадид ба фаъолиятҳои террористӣ, рӯ овардаанд.

Раиси Ҷумҳурии  Исломии Эрон бо таъкид бар талош дар ҷиҳати раҳоии мардуми Сурия дар нуқоти таҳти муҳосираи ин кишвар, аз дасти террористҳо ва зарурати ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва доруӣ, ба пирӯзиҳои ахир ишора кард ва гуфт, бояд муроқиб буд, ки гурӯҳҳои террористӣ бо баҳрагирӣ аз фурсатҳои оташбас, муҷаддадан таҷдиди қува накунанд ва манотиқеро бавижа дар бархе нуқоти ҳассоси Сурия ба пойгоҳи ҷадиди худ табдил насозанд.

Путин низ дар ин тамоси телефонӣ бо табрики пирӯзии артиши Сурия бар террористҳо бавижа дар шаҳри Ҳалаб, гуфт, ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангии Теҳрон ва Маскав, ки токунун дар ростои сиёсати созандае дар арсаи байналмилалӣ буда, идома хоҳад ёфт.

Владимир Путин изҳор дошт, дастоварди ҳамоҳангии ду кишвар, ҳосили як пирӯзии бузург дар мубориза бо терроризми байналмилал будааст ва акнун бояд ҳамзамон бо мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ин пирӯзиҳоро ба самти шуруи музокирот кашонд. Вай гуфт, пешниҳоди мо ин аст, ки раванди сулҳ дар Сурия дар Қазоқистон оғоз шавад.

Дар ин гуфтугӯ дутараф ҳамчунин бар тадовуми ройзаниҳо, ҳамфикриҳо ва ҳамкории Теҳрон  - Маскав таъкид карданд.

 

Барчасп