Таҳлил: Кения нахустин мақсади африқоӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Wed, 12 Jul 2023 08:02:10 GMT )
Июл 12, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Кения нахустин мақсади африқоӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Таҳлил: Кения нахустин мақсади африқоӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз чаҳоршанбе дар сарварии ҳайати олирутба ба даъвати расмии раисони ҷумҳурии се кишвари Кения, Уганда ва Зимбабве Теҳронро ба мақсади Кения тарк кард.

Кения нахустин мақсади Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Африқо аст вай испас озими Уганда ва Зембабве мешавад ин нахустин сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Африқо пас 11 сол аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз азимат ба Кения таъкид кард: Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои африқоӣ баъд аз пирузии инқилоби ислмӣ равобити хуби дар бахшҳои мухталиф буда аст аммо дар гузари замон бахре равобит дучори тавақуфҳои шуд ва ба вижа дар даҳҳаи ахир ки бо таваҷҷуҳ ба ин сарвати азим ва манобеъӣ ва маъданӣ ки имруз дар Африқо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои бисёр дар кишварҳои африқоӣ метавонад табодули зарфиятҳо сурат бигирад.

Давлати сездаҳум аз замони оғоз ба кор яъне августи 2021 талошро оғоз карда аст, ки аксари ҳадафи он таваҷҷуҳи вижа ба зарфиятҳои мағфул дар ҷаҳон аст зарфиятҳои фароғраби ки камтарин таъсирро аз сиёсатҳои ғарб ба саркадагии Амрико дошта бошад ва битавонад ба ҳар мизони мумкин дар хунсосозии таҳримҳи иқтсиодӣ ва мунзависозии сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кор ояд.

Кишварҳои ҳамсоя, Авруосиё, Амрикои лотин ва акнун ҳам Африқо дорои ин зарфиятҳои билқува ҳастанд, ки ҳузури ҳар якеи аз ин манотиқ метавонад бахши аз барномаҳои давлати Эронро дар арсаи ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамчунин эҷоди бистари ҳузури дар он ҷуғрофия муҳақақ кунад.

Кения аз кишварҳои муҳими Африқо дар дарвозаи вуруди ба ин қора маҳсуб мешавад бин бар ин густариши равобит бо ин кишвар дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илми ва фановари омили барои афзоиши ҳузури Эрон дар минтақаи шарқи Африқо хоҳад буд.

Оғози равобити Эрон ва Кения ба соли 1971 мелодӣ бар мегардад пас аз хусумат ва даргирии миёни Итюпи ва Сумоли ва ҳимояти режими паҳлавӣ аз шуришиёни Сумоли иртиботи Эрон бо Кения дар соли 1977 қатъ шуд аз саргирии дубораи муносиботи Теҳрон ва Найроби пас аз пирузии инқилоби исломӣ ва дар соли 1982 рақам хурд дар мақтаъи пас аз пирузии инқилоби исломии Эрон то соли 1999 ҳарчанд шоҳиди сафари мақомоти тарафайн ба кишварҳои якдигар ҳастем лекин дар амал ҷаҳиши чандони дар равобити иқтисодӣ мушоҳида намешавад, ки умдатарин далели он таҳти фишор қарор доштани Кения ҷиҳати адами рушди ҳаргуна равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Дар соли 2002 пас аз чандин давра музокира бо масъулони кенияӣ талош бар тағири фазои сарди ҳоким бар равобити ду кишвар шуд Кения аз он замон ҳамвора равобити хуби бо Эрон дошта аст ва дар мақтаи шоҳиди содироти 4 миллион тонна нефт ба он кишвар ва барқарории парвози мустақим байни Теҳрон ва Найроби будем.

Бар асоси оморҳои расми мизони табодулоти тиҷори Эрон ва Кения ҳудуди 100 миллион доллар аст ҳарчанд омрҳои ғайрирасми беш аз инро нишон медиҳад масалан рақами содироти қири Эрон ба Кения беш аз 50 миллион доллар баровард шуда аст.

Муҳимтарин ақломи содиротии Кения ба Эрон шомили маводи хоми маъданӣ, чой ва қаҳва ва муҳимтарин ақломи воридотии он низ қир, маводи ғизоӣ, маводи кимёӣ аст бояд дар назар дошт ки Кения аз кишварҳои пешрафта дар Африқо аст ба дарё ва уқёнус роҳ дорад ва ба лиҳози ҳамлунақли дарёӣ метавонад яке аз шарикони хуби Эрон ва ҳалқаи иттисоли Эрон бо кишварҳои воқеъ дар шарқ ва маркази Африқо бошад.

Ин дар ҳоле аст ки тиҷорати дарёӣ яке аз мавзуъоти мавриди таваҷҷуҳи Эрон дар солҳои ахир низ буда аст ва кишварҳои соҳили 50 миллион нафари Кения бо қарор гири дар зелъи шарқии қораи Африқо ва дастраси ба уқёнуси Ҳинд метавонад зарфияти барои эҷоди хутути муназами киштиронии Эрон эҷод ва иртибот бо кишваҳои ғарб ва шимоли қораи Африқоро фаъол кунад.

Интизор меравад дар ҷараёни сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Кения тавофуқнома ва қарордодҳои ҷадиди барои рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар тавассути мақомоти эронӣ ва кенияӣ ба имзо бирасад.