Июл 13, 2023 12:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар омодагии Эрон барои интиқоли таҷрӯбиёт ва табодули дастовардҳо бо Уганда
    Таъкиди Раисӣ бар омодагии Эрон барои интиқоли таҷрӯбиёт ва табодули дастовардҳо бо Уганда

Раисҷумҳӯр бо ишора ба оғоз ба кори дафтари навоварӣ ва фанноварии Эрон дар Уганда ва зарфиятҳои бисёр хуби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба вижа дар ҳавзаҳои пизишкӣ, илму ванноварӣ, кишоварзӣ, бар омодагии Эрон барои интиқоли таҷрӯбиёти худ дар ин заминаҳо ва дар қолаби рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Уганда таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, Раисӣ дар нишасти муштарки ҳайатҳои олирутбаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Уганда зимни қадрдонӣ аз мавозеи ин кишвар дар муқобила бо ифротгароӣ ва террорист, нуқтаи иштироки Эрон ва Угнадаро моҳияти зиддӣ истеъмории инқилоби исломӣ ва ҷунбиши озодихоҳона дар истиқлолталабонаи ин кишвар донист.

Раисиҷумҳӯр дар ин нишаст гуфт: Кишварҳои ғарбӣ бо ҳуҷум ба бунёни хонавода, тарвиҷи падидаи зишти ҳамҷинсгароӣ, ривоҷи ифротгарӣ ва терроризмпарварӣ ва истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башари кишварҳои мустақилро таҳти фишор мегузоранд, ки дар ин росто густариши таъомулот ва ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Эрон ва Уганда дар муқобила бо барномаи душманони ду миллат бисёр  мусамар хоҳад шуд.

Барчасп