Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон: Ғазза ба бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон табдил шудааст
(last modified Sat, 20 Jan 2024 14:10:54 GMT )
Январ 20, 2024 19:10 Asia/Dushanbe
  • Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон: Ғазза ба бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон табдил шудааст

Муовин аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо, гуфт, муҳосираи тӯлонимуддати Борикаи Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ мӯҷиби табдили ин минтақа ба бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон шудааст.

Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди имрӯз (шанбе) ба манзури ширкат дар нӯздаҳумин Иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо - Ҷунбиши адами тааҳуд (Ҳаракати ҳамроҳнашуда) вориди фурудгоҳи Кампала, пойтахти Уганд ашуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Мухбир дар ин нишаст бо ишора ба таҳаввулоти Ғазза, ҳар гуна иқдоми фаластиниёнро ҳаққи зотии онҳо донист ва гуфт, талоши режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ғарбии он барои муаррифии ин муборизаи машрӯъ ба унвони иқдоме террористӣ фоқиди ваҷоҳати қонунӣ ва фиреб аст.

Вай зимни қадрдонӣ аз иқдоми шуҷоона ва ибтикори амали кишвари Африқои Ҷанубӣ дар тарҳи шикояти байналмилалӣ зидди режими ғосиби саҳюнистӣ дар Девони байналмилалии додгустарӣ тасреҳ кард, ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ба хоку хун кашидани инсонҳои бегуноҳ ва куштори девонавори беш аз 24 ҳазор нафар, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд, ривояти наслкушӣ ва хушунати афсоргусехтае аст, ки алайҳи як миллат бо ҳувияти мушаххас дар ҳоли анҷом аст.

Мухбир зимни таъкид бар зарурати ҳифзи вазъияти геополитикии минтақа ва мухолифат бо ҳаргуна тағйир дар марзҳои байналмилалӣ, хоҳони авлавият додан ба тавсеаи равобити иқтисодӣ, бозаргонӣ ва тиҷорӣ миёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла аз тариқи такмилу тавсеаи роҳҳои мувосилотӣ шуд ва омодагии комили Эронро барои ҳамкорӣ ҷиҳати таҳаққуқи манофеи пойдори иқтисодии ҳамаи кишварҳои минтақа эълом кард.

Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо як созмони байналмилалӣ аст, ки дар соли 1961 дар авҷи Ҷанги сард дар Белград, пойтахти Югославия таъсис шуд, ҳамакнун 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумлаи Ҷумҳурии Исломии Эрон узви расмӣ ва 21 кишвар низ узви нозир ҳастанд, ки метавон гуфт, ки ин ҷумбиш, тақрибан беш аз ду сеюми аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 55 дарсади ҷамъияти дунёро ташкил медиҳад.