Июл 16, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити Покистон ва Эрон
    Густариши равобити Покистон ва Эрон

Артишбуд Сайид Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, ки ба Теҳрон сафар карда, бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, артишбуд Сайид Осими Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, ки дар садри ҳайате ва дар дидоре дурӯза ба Теҳрон сафар кардааст, имрӯз (якшанбе) бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Фармондеҳи артиши Покистон дар сафар ба Теҳрон рӯзи гузашта бо сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон низ дидору гуфтугӯ кард.

Сарлашкар Саломӣ дар дидори фармондеҳи артиши Покистон, ки дар ростои иртиқои таомулоту ҳамкориҳои иттилоотӣ, омӯзишӣ, низомӣ ва амниятӣ ва низ муқобила бо падидаи ноамниҳои марзӣ ва ҳамчунин заминаҳои ваҳдату ухувват байни ду кишвар баргузор шуд, таъкид кард: Муҳити минтақаи мо ҳамвора таҳти таъсири неруҳои сиёсии байналмилалӣ қарор доштаву қудратҳое вуҷуд доранд, ки иттиҳоду инсиҷоми мусулмононро таҳаммул намекунанд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар аҳамияти иртиқои зарфиятҳову омодагиҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо дар мавзӯи муқобила бо гурӯҳакҳои террористӣ ва таҳдидоти амниятӣ дар марзҳои ду кишвар гуфт: Амнияти Покистон амнияти Эрон аст ва бо густариши таомулот, ҳамкориҳову иқдомоти муштарак ва ҳамафзо ба ҳаёти гурӯҳакҳои террористӣ поён додаву амнияти пойдор дар манотиқи марзии ду кишвар барқарор хоҳад шуд.

Артишбуд Сайид Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ҳамчунин бо ҳузур дар Ситоди фармондеҳии Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, бо амири сартип халабон Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи ин нерӯ дидору гуфтугӯ кард. Фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон равобити байни ду кишвари Эрону Покистонро мусбату созанда арзёбӣ кард ва бар густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф таъкид кард.

 

Барчасп