Июл 18, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми покистонӣ бар лузӯми таъсиси бозорчаҳои марзии нав бо Эрон

Вазири мушовири энержии Покистон бо қадрдонӣ аз иҳтимоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба бар лузӯми таъсиси бозорчаҳои марзии нав таъкид кард .

Муносиботи дуҷонибаи Эрону Покистон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, тиҷорӣ ва марзӣ дар солҳои ахир бо пешрафти чашмгирӣ ҳамроҳ будааст.
Эрону Покистон дар 2 соли ахир иқдом ба бозгушои 2 гузаргоҳи ҷадиди марзӣ карданд ва теъдоди марзҳои расмии онон ба 3 расид, ки яке аз аҳдофи он кумак ба осонсозии тиҷорат ва истифода аз зарфиятҳои якдигар барои беҳбуди зиндагии марзнишинон аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Ҳошимхон , вазири мушовири энержии Покистон дар дидор бо Ҳасани Даврешиванд-сарконсули Эрон дар Кувайта,маркази иёлати Балӯучистони Покистон бо таъкид бар лузӯми шитоб дар сохти дигар бозорчаҳои марзии миёни ду кишвар афзуд: Иртиботот ва ҳамлу нақл як омили асосӣ дар густариши муносиботи ду кишвар аст, аз ин ру бояд иқдомоти лозим дар тавсеаи ҳамлу нақли ҷодаӣ ва рейлӣ анҷом шавад.
Муҳаммад Ҳошимхон ҳамчунин аз афзоиши содироти барқи Эрон ба Покистон, баҳрабардории расмӣ аз аввалин бозорчаи марзии ду кишвар дар нуқтаи Пешин – Манд, аз иҳтимоми Эрон дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Покистон қадрдонӣ кард .
Имсол ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Покистон барои аввалин бор аз 2 миллиард доллар убур кард.

Бештар бихонед :

 

 

 

 

Барчасп