Амир Абдуллоҳиён: Набояд коре кард равобити амиқи Теҳрон-Маскав осеб бубинад
(last modified Wed, 19 Jul 2023 10:32:13 GMT )
Июл 19, 2023 15:32 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Набояд коре кард равобити амиқи Теҳрон-Маскав осеб бубинад
    Амир Абдуллоҳиён: Набояд коре кард равобити амиқи Теҳрон-Маскав осеб бубинад

Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон. дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард: Набояд коре кард равобити амиқи Теҳрон-Маскав осеб бубинад.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯи телефони дар бораи муносиботи дуҷониба ва минтақаӣ ва лузуми эҳтироми тамомияти арзии кишвараҳо табодули назар карданд.

Вазирии хориҷаи Русия дар посӯх ба гилояи ҳамтои эронии худ аз мавозеъи ахири Маскав дар бораи ҷазираҳои сегонаи эронӣ баёнияи муштарак бо Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс, таъкид кард: федератсияи Расия ҳеҷ тардиде дар мавриди ҳокимият ва тамомият арзии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба худ роҳ намедиҳад ва комилан ба он эҳтиром гузошта ва хоҳад гузошт.

Амир Абдуллоҳиён бо ибрози таъаҷуб аз  мафодии банди марбута ба ҷазираи сегонаи эронии Халиҷи Форс дар баёнияи муштараки Русия ва кишвараҳои ҳошияи ҷанубӣ Халиҷи Форс, бар таъалуқи таърихӣ ва абадии ин ҷазира ба Эрон таъкид кард ва афзӯд: Истиқлол, ҳокимияти арзии Эрон ба ҳеҷ унвон қобили музокира набуда ва нест.

Вазири хориҷаи Эрон, равобити Русия ва Эронро пояи муҳкам хонд ва хотирнишон кард: Набояд коре сурат гирад, ки ба равобити амиқи дукишвар осеб бирасонад.

Ба гузориши Ирно, Лавров ва Амир Абдуллоҳиён муносиботи дукишварро рӯ ба рушд хонданд ва бар иродаи руасои ҷумҳӯрии дукишвар бар тавсиъаи ҳарчӣ бештари муносибот таъкид карданд ва бо ишора бар таҳавулоти Қафқоз гуфтугӯи ахири вазири умури хориҷаи Эрон ва Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор доданд.

Чорчӯби музокироти минтақаӣ аз ҷумла формати мавсум ба 3+3 шомили Эрон, Русия, Туркия ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин гуфтугӯ дар хусуси баргузории нишасти дуввуми вузарои хориҷаи чаҳор кишвар Эрон, Русия Туркия ва Сурия ройзанӣ шуд.

Лавров ва Амир Абдуллоҳиён, бар лузуми эҳтиром ва ҳифз ва тақвияти равобити дӯстонаи дукишвар таъкид карда ва дар хусуси мароҳили ниҳоии тадвини матни тавофуқномаи роҳбӯрдии Эрон ва Русия низ ба табодули назар пардохтанд.

Бештар бихонед: