Июл 20, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Як талло се нуқраи Эрон дар кушти озоди ҷавонони Осиё
    Як талло се нуқраи Эрон дар кушти озоди ҷавонони Осиё

Аъзои тими куштии Эрон, дар мусобиқоти куштии озоди қаҳрамонии ҷавонони Осиё як медали талло ва се медали нуқра касб карданд.

Рақобатҳои куштии озоди ҷавонони қаҳрамони Осиё, аз рӯзи 19 июл дирӯз( чаҳоршанбе) бо баргузории мусобиқоти панҷ вазни нахуст дар шаҳри Уммон пойтахти Урдун оғоз шуд.

Ба гузориши Ирно дар ин рӯз, се куштигири ҷавони Эрон дар финол ва як намояндаи дигари тими куштии озоди Эрон дар радабанди, натиҷаро ба ҳарифони аз Ҳинд вогузор карданд.

Дар вазни 57 килаграм, Иброҳим Хорӣ дар дидори финал бо натиҷаи 7 бар 4 мағлуб Юдин аз Ҳинд шуд ва ба медали нуқра расид.

Дар вазни 65 килаграм, низ Иброҳим Иллоҳӣ дар дидори ниҳоӣ муқобили Синг Ҷоскорон аз Ҳинд шикаст хурд ва ба медали нуқра расид.

Дар вазни 70 килаграм, Алӣ Ризоӣ дар дидори финал бо натиҷаи 8 бар сифр Ҷопонро шикаст дод ва аввалин медали таллои Эронро касб кард.

Дар вазни 79 киламграм, низ Фарзод Сафи Ҷаҳоншоҳи дар дидори поёнӣ мағлуби Согор Согилон аз Ҳинд шуд ва ба медали нуқра расид.