Амирабдуллоҳиён хитоб ба ҳамтои шветсиявӣ : Ҳатток ба Қуръон бояд дастгир ва муҳокима шавад
(last modified 2023-07-22T05:06:31+00:00 )
Июл 22, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён хитоб ба ҳамтои шветсиявӣ : Ҳатток ба Қуръон бояд дастгир ва муҳокима шавад

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонии ҳамтои шветсиявӣ бар дастгирӣ ва муҳокимаи ҳатток(шахси беэҳтиромикунанда) ба Қуръон дар ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар посух ба тамоси телефонии Тобиас Билстрем-вазири хориҷаи Шветсия гуфт: Беҳурматӣ ба Қуръони карим ва дигари кутубу муқаддасоти адёни илоҳӣ дар ҳар куҷо, тавассути ҳар шахс ва таҳти ҳар шароите қавиян маҳкум ва такрори ин иқдомот ба баҳонаи озодии баён ғайри қобили қабул ва ғайри қобили тавҷеҳ аст .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард Шветсия бояд ба ин навъ аз нифоқафканӣ ва тарвиҷи хушунат, ки авоқиби амиқе дар пай дорад, поён диҳад .
Амирабдуллоҳиён афзуд дар ҳоле ки Шветсия доъияи пешрав будан дар арсаи ҳуқуқи башарро дорад, чи гуна метавонад дар камтар аз 10 рӯз аз тасвиб шудани қатъномаи нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар маҳкумияти тавҳин ба муқаддасоти динӣ ин гуна бетафовут аз канори он бигзарад ?
Вазири умӯри хориҷаи Эрони хитоб ба вазири хориҷаи Шветсия гуфтолиси Шветсия иҷоза дод, ки бо суиистифода аз озодии баён ба ҳастаи марказии виҷдон, ақида ва эътиқоди ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ошкоро тавҳин шавад.
Амирабдуллоҳиён таъкид кард агар дар мавриди ҳар як аз адёни иброҳимӣ ва кутуби осмонии дигар низ ин иттифоқ меафтод бояд илова бар маҳкумият,фард ё аъзои ҷараёни хатокор дастгир ва муҳокима шаванд.
Раиси дастгоҳи дипломасии Ҷумҳурии исломӣ Эрон гуфт: Дар канори баёния фарди муртакиби ин иҳонати ғайри қобили бахшиш бояд дастгир, муҳокима ва посухгӯи иқдомоти худ бошад ; дар ғайри ин сурат Шветсия бояд мунтазири тасмимоти қотеъи кишварҳои исломӣ бошад.
Вазири хориҷаи Шветсия низ дар ин тамоси телефонӣ изҳор кард: Давлати Шветсия ҳатки ҳурмат ба Қуръони карим-китоби осмонии мусулмононро маҳкум мекунад.
Тобиас Билстрем афзудахси нахуствазир ва баёнияи расмии Вазорати хориҷаи Шветсия ба сароҳат эълом карда, ки ин иқдом мавзеи давлати Шветсия нест .
Вазири хориҷаи Шветсия бо баёни инки полиси ин кишвар муҷаввизи баргузории таҷаммуъотро содир мекунад ва аҳадӣ дар Шветсия барои иҳонат ба Қуръони мусулмонон муҷаввиз надода аст, гуфтммо ин фард суиистифода кардааст.

 

Барчасп