Июл 31, 2016 15:09 Asia/Dushanbe
  • Бонуи эронӣ барандаи ҷоизаи

Риёзидони ҷавони эронӣ, устоди Донишгоҳи салтанатии фанноварии Шветсия (KTH) муваффақ ба касби ҷоизаи "Ҷомеаи риёзиёти Аврупо" (EMS) дар соли 2016 шуд.

Ба гузориши ИНРА, Соро Зоҳидӣ, риёзидони ҷавони эронӣ ва устоди донишгоҳи KTH дар ҳафтумин Конгресси риёзидонони Аврупо, ки 18 то 22 июл дар Берлин-пойтахти Олмон баргузор шуд, ҷоизаи Ҷомеаи риёзиёти Аврупо" (European Mathematical Society), дар соли 2016-ро дарёфт кард.

Зоҳидӣ нахустин зане аст, ки ин ҷоизаро дарёфт мекунад.

Хонум Зоҳидӣ дар заминаи равиши санҷиши сутӯҳи мутаҳаррик ва бозсозии онҳо бо роёна, таҳқиқ мекунад.

Натоиҷи таҳқиқоти ин риёзидони ҷавони эронӣ дар оянда метавонад, амалкарди чипи роёнаеро, ки ағлаб дар озмоишҳои хун ба кор гирифта мешаванд, беҳбуд диҳад.