Июл 26, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Хуни поки шаҳидон ҳадар нахоҳад рафт ва заволи режими ҷаълӣ наздик аст
    Канъонӣ: Хуни поки шаҳидон ҳадар нахоҳад рафт ва заволи режими ҷаълӣ наздик аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи сешанбе зимни таслият ба хонаводаҳои шуҳадои Наблос гуфт, заволи режими ҷаълӣ, ишғолгар ва террористи саҳюнистӣ наздик аст.

Дар даргирии рӯзи сешанбе дар Наблос низомиёни саҳюнист се фаластиниро ба шаҳодат расонданд ва пайкарҳои онҳоро бо худ ба макони номаълуме бурданд.

Ин даргирӣ дар исти амниятии режими саҳюнистӣ дар наздикии кӯҳи Ҷеризим дар Наблос рух дод.

Носири Канъонӣ хитоб ба мардуму гуруҳҳои муқовимати Фаластин афзуд, хуни поки шаҳидони шумо ҳадар нахоҳад рафт ва заволи режими ҷаълӣ, ишғолгар ва террористии Исроил наздик аст.

Кобинаи ҳоким бар режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе бо ҳимояти намояндагони худ дар Кнессет (порлумон) пешнависи қонуни "лағви бурҳони маъқулият" дар чорчӯби лоиҳаи тағйироти қазоиро тасвиб кард. Ин пешнавис бо 64 раъй тасвиб шуд ва Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ ба он раъйи мусбат дод.

Дар замони баргузории раъйгирӣ намояндагони мухолиф аз саҳни Кнессет хориҷ шуданд ва танҳо намояндагони эътилофи ҳокимиятии Натанёҳу дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Бар ин асос, девони олии қазоӣ дигар ҳаққи ветои тасмимоти давлат ва Кнессет ва аҳкоми идорӣ ва ё мухолифат бо интисоби бархе вузаро ё нахуствазир ба далели парвандаҳои мухталифро нахоҳад дошт.

 

Барчасп