Раисӣ : Ба баракати хуни шуҳадои Ислом назми навини ҷаҳонӣ дар ҳоли рақам хурдан аст
(last modified Thu, 27 Jul 2023 13:42:42 GMT )
Июл 27, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ба баракати хуни шуҳадои Ислом назми навини ҷаҳонӣ дар ҳоли рақам хурдан аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон мактаби Инқилоби исломиро дар идомаву имтидоди мактаби Имом Ҳусайн ( а ) ва Ошӯро донист ва гуфт : Имрӯз ба баракати хуни мутаҳҳари шуҳадои Ислом назми навини ҷаҳонӣ дар ҳоли рақам хурдан аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Ҷумҳурии Эрон дар ҷамъи азодорони ниҳоди раёсати Ҷумҳурӣ мактаби Инқилоби исломиро дар идомаву имтидоди мактаби Имом Ҳусайн ( ъ ) ва Ошӯро донист ва тасреҳ кард : Ҳамон тавр, ки Имом Ҳусайн ( а ) бо базли хуни худ аз ҷомеъа ҷаҳлзудоӣ кард, имрӯз низ хуни мутаҳҳари шуҳадои мо бо ҷоҳилияти модерн муқобила ва аз ҷомеъа ҷаҳлзудоӣ мекунад . Раисӣ афзуд : Дар сафбандии имрӯзи ҷабҳаи ҳаққу ботил ҳама муваззафанд бо иродаи росих, ӣстодагӣ, муқовимат ва кору талоши шабонарӯзӣ рисолати худро дар роҳи ҳақ ба анҷом бирасонанд . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Ошӯро ва қиёми сурхи ҳусайниро мазҳару маншаи ҳамаи таҳаввулоти ҷомеъаи башарӣ донисту афзуд : Ошӯро нишону алами барафрошта аст, ки роҳ гум нашавад ва ҳаракати азими арбаъини ҳусайнӣ намод ва намуде барои гум накардани қиёми Ошӯро аст . Имрӯз панҷшанбе мусодиф бо нуҳумин рӯзи моҳи Муҳаррамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, ( 27 июли 2023 )Тосуъои ҳусайнӣ ( ъ ) аст . Ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн ( а ) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.
 

 

Барчасп