Азодории шаби Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз азодорони ҳусайнӣ
(last modified 2023-07-28T13:02:53+00:00 )
Июл 28, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ойини азодории Ошӯро бо ҳузури Раҳбари инқилоб
    Ойини азодории Ошӯро бо ҳузури Раҳбари инқилоб

Бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз азодорони ҳусайнии азодории шаби Ошӯрои ҳусайнӣ ва тавассул ба солори шаҳидон – имом Ҳусайн алайҳиссалом баргузор шуд.

Ойини азодории шаби Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз азодорони сайиду солори шаҳидон панҷшанбешаб дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.

Дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рафеӣ бо истинод ба суханони имом Ҳусайн алайҳиссалом, дар бораи нақши умед дар талошу ҳаракат барои эҷоди таҳаввулу истиқомат барои ормонҳо ба эроди сухан пардохт.

Ҳамчунин дар ин маросим Меҳдии Самовотӣ ба зикри мусибату қироати дуои тавассул пардохт ва Меҳдии Расулӣ низ марсиясароӣ ва навҳахонӣ кард.

Ойини Тосуои ҳусайнӣ панҷшанбе дар саросари кишвар бо шукуҳи ҳарчӣ тамомтар аз сӯи ошиқони солори шаҳидон баргузор шуд.

 

Барчасп