Июл 28, 2023 18:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷи Алиакбарӣ: Рӯзи Ошӯро рӯзи таҷдиди аҳд аст
    Ҳоҷи Алиакбарӣ: Рӯзи Ошӯро рӯзи таҷдиди аҳд аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, ному ёди ҳазрати Абоабдиллоҳ (а) ва ёди шуҳадои Карбало боиси ваҳдати бештари ҷомеа мешавад ва дар зери ин парчам дилҳову андешаҳо ба ҳам гиреҳ мехӯрад.

Намози ибодӣ - сиёсии зуҳри ҷумъаи Ошӯрои имрӯзи Теҳрон ба имомати ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷи Алиакбарӣ дар Донишгоҳи Теҳрон иқома шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тақоруни рӯзи ҷумъа бо Ошӯрои ҳусайнӣ гуфт: Ному ёди ҳазрати Абоабдиллоҳ (а) ва ёди шуҳадои Карбало барои ҳамеша ба дилҳо маънавият ва тароват медиҳаду боиси ваҳдати бештари ҷомеа мешавад ва дар зери ин парчам дилҳову андешаҳо ба ҳам гиреҳ мехӯрад.

Ҳоҷи Алиакбарӣ рӯзи Ошӯроро рӯзи таҷдиди аҳд хонду афзуд: Имрӯз рӯзи таҷдиди аҳд барои идомаи роҳи Абоабдиллоҳилҳусайн (а) аст, роҳе ки пеши рӯи миллати азизи Эрон боз шуд, роҳи иззат, ифтихор, бозгашт ба бандагии Худо, тамассук ба Қуръону итрати паёмбари аъзам аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба беэҳтиромӣ нисбат ба Қуръони Карим гуфт: Ин хаёли хому ботили душманони Ислом аст, агар хостанд дуқутбӣ байни пайравони адён дуруст кунанд ва муваффақ нашуданд, чун мусулмонҳо ба ҳамаи китобҳои осмонӣ эҳтиром мекунанд.

Алиакбарӣ афзуд: Агар мехостанд исломҳаросиро тарвиҷ кунанд, боиси тарвиҷи бештари Ислому Қуръон дар минтақаи худашон хоҳад шуд ва агар хостанд бо ақабаи саҳюнистӣ номи мардуми Фаластинро таҳтушшуо қарор диҳанд, бидонанд, ки имрӯз садои заволу фурӯ рехтани арқони зисти пур аз нанги онҳо дар ҳамаи олам шунида мешавад.

 

Барчасп