Июл 30, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия
    Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия

Вазири умури хориҷаи Сурия барои дидору ройзанӣ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия имрӯз (якшанбе) ба ҳамроҳи ҳайати баландпояи сиёсиву иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия ва ҳайати ҳамроҳ дар посух ба як даъвати расмӣ вориди Теҳрон шуд то бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти аршади Эрон дидору гуфтугӯ кунанд.

Ин сафар бо ҳадафи тақвияти равобити ду кишвар, гуфтугӯ дар мавриди охирин таҳаввулот дар арсаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ройзанӣ дар мавриди масоили ҷорӣ анҷом мешавад.

 

Барчасп